Дар рӯзҳои ахири соли 2011 ширкати мобилии «Мегафон Тоҷикистон» ба табрики Соли нави мелодии ҳафтаномаи «Миллат» ташриф овард.
Бобои барфӣ ва набераи ӯ аз номи ин ширкат ҳафтанома ва кормандони «Миллат»-ро табрик гуфтанд ва дар Соли нав пешрафту комгории эҷоду зиндагӣ таманно карданд. Ҳамчунин Бобои барфӣ ба кормандони нашрия тӯҳфаҳои хотирмон тақдим кард.
Қобили зикр аст, ки ин ширкат бо Васоити ахбори умум робитаи зич дошта, ҳамвора аз тариқи расонаҳои хабарӣ таблиғ мешавад. Ахиран, ба назари коршиносон, ин ширкат дар роҳи хидматрасонии интернетӣ дар Тоҷикистон мақоми аввалро касб карда, арзонтарин тарофаҳои интернетиро тариқи 3G-модем ба роҳ мондааст.