Эрон сӯхти ҳастаияшро озмоиш мекунад

Хабари хуб 02.01.2012 09:55

Reaktor_atom_0101Эрон мегӯяд, донишмандони ин кишвар “нахустин модаи сӯхти ҳастаиро, ки дар дохили Эрон аз уран тавлид шудааст, мавриди озмоиш қарор додаанд”.

Сафҳаи интернетии Созмони Энержии Атомии Эрон навиштааст, ки намунаи ба дастомада барои озмоиш ба реактори ҳастаӣ рехта шудааст, то бубинанд бо ин сӯхт реактор чӣ тарз фаъолият хоҳад кард. Эрон моҳи гузашта гуфта буд, ба нақша гирифтааст, ки  урани тавлиди дохилии худро дар Теҳрон ба реактори озмоишӣ бирезад ва онро бисанҷад. Ин реактор изотопҳое тавлид мекунад, ки дар тиб истифода мешавад. Реактори Теҳрон бо урани 20 дарсад ғанишуда фаъолият мекунад.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97