Дар соли 2011 зиёда аз 100 журналист кушта шудаанд

Хабари хуб 31.12.2011 17:13

Federatsiyai_jurnalistФедератсияи Байналмилалии Журналистон мегӯяд, дар соли 2011 зиёда аз 100 журналист ва корманди расонаҳои ҳамагонӣ кушта шудаанд, ки назар ба соли 2010 бештар аст.

Ба иттилои ин гурӯҳ бештарин мавриди хушунати зидди хабарнигорон дар Покистон, Ироқ ва Мексик рӯй додааст. Танҳо 20 нафар бар асари тасодуф ё офатҳои табиӣ ба ҳалокат расидаанд. Федератсияи Байналмилалии Журналистон мегӯяд, аз 600 ҳазор корманди васоити ахбори умум дар 100 давлат намояндагӣ мекунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97