Шаби 28 декабр дар натиҷаи як ҳамла дар маҳаллаи "Чоршанбебозор"-и шаҳри Хуҷанд ду сарроф кушта шуданд.
Тавре сомонаи Радиои «Озодӣ» хабар медиҳад, мақомоти умури дохилаи шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки ин ду сарроф ё худ кормандони нуқтаи мубодилаи асъор дар назди манзили худ дучори ҳамла гардидаанд.
Мақомот аз ифшои шахсияти ин афрод ва сабабҳои ҳамла ҳанӯз худдорӣ мекунанд. Аммо, ба гуфтаи ҳамин манбаъ, саррофонро афроди ношинос бо силоҳи "Калашников" куштаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ғаниҷон Раҳматҷонов, домоди ин хонавода, гуфтааст, падарарӯс ва бародари ҳамсараш: Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳоро, ҳангоме ки аз кор ба манзилашон бармегаштанд, афроди номаълум ба ҳалокат расонидаанд.
"Ба ман ин хабарро занг зада гуфтанд. Дар ҳоли шок будам. Ба манзили онҳо, ки омадам, алакай милисаю кормандони додситонӣ омада, шаҳрвандонро ба автомобили онҳо наздик рафтан намемонданд. Баъд, ки монданд, дидам, ки ҳар дуяшон дар дохили автомобили "Тико" беҷон афтодаанд",-нақл мекунад Раҳматҷонов.
Ба гуфтаи Ғаниҷон ва як хеши дигари ин хонавода, падару писар Бурҳоновҳо, яке 52 ва дигарӣ 29 сол син дошта ва дар як дӯкони саррофии атрофи бозори "Панҷшанбе" кор мекардаанд. Ба гуфтаи онҳо, падару писар баъзан баъди кор маблағҳои гардишдодаи худро ба манзилашон меоварданд ва эҳтимол куштор барои ғорати онҳо содир шуда бошад. Аммо онҳо мегӯянд, ин тахмини онҳост ва маълум нест, ки ин навбат дар автомобил маблағ буд ва онро қотилон ба яғмо бурданд, ё на.
Намояндагони додситонии шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва як гурӯҳи вижаи тафтишотӣ, иборат аз кормандони ҳама ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳқиқи он оғоз кардаааст.