Нашри аввалин китоби шеъри муосири Тоҷикистон дар Афғонистон

Хабари хуб 26.12.2011 10:26

ketabДар Кобул китоби "Зангулазанон гузашт борон", сайре дар шеъри муосири Тоҷикистон ба ду хатт: форсӣ ва сирилик аз чоп баромад. Ин китоб, ки мақолаҳои Муҷиби Меҳрдод-шоир ва пажуҳишгари Афғонистон ва Беҳрӯзи Забеҳулло - шоир ва нависандаи тоҷики муқими Эронро дар бар дорад, аз нахустин китобе аст, ки дар бораи шеъри Тоҷикистон дар Афғонистон чоп мешавад.

Ин китоб навиштаҳои марбут ба мавзӯи сайри таърихии таҳаввули шеъри тоҷик дар даврони Шӯравӣ тавассути Беҳрӯзи Забеҳулло ва нақду баррасии ашъори чанд тан аз шуарои номдори адабиёти муосири Тоҷикистон ба қалами Муҷиби Меҳрдодро дар бар мегирад.

Ба муносибати чопи ин асар "Кошонаи нависандагони Афғонистон" рӯзи шанбе, 24 - декабр маҳфиле баргузор кард. Дар ин маҳфил Ёсин Нигоҳ-узви Кошонаи Нависандагони Афғонистон зимни табрики чопи ин асар ба ҷомеаи адабии Афғонистон, гуфт: "Шоирон ва нависандагони афғонистонӣ бо ҷомеаи адабии Эрон равобити бисёр хуб доранд ва доштани ин робитаҳо сабаби як шинохти нисби низ аз чи гунагии таҳаввулоти шеър дар Афғонистон гардидааст, аммо бо дареғу дард ин равобит бо шеъри имрӯзи Тоҷикистон ба шиддат заъифу камранг аст." Вай илова намуд:" Бовари ман ин аст, ки пажуҳишҳои дӯстони дар ниҳоят фарҳехтаамон Оқои Муҷиб ва Беҳрӯзи Забеҳулло оғозе хоҳад буд барои эҷод ва барқарории робитаи самимона ва сомонманд бо ҷомеаи адабии кишвари ҳамзабон ва ҳамсояамон Тоҷикистон." Пас аз он Оқои Руҳуламини Аминӣ, масъули бахши интишори бунёди "Ормоншаҳр" дар бораи аҳамият ва арзиши ин асар суҳбат намуда, ин китобро оғози робитаи ҷиддии шеъри Афғонистон ва Тоҷикистон унвон кард.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97