Пофишории Маскав ба тафтиши ҳалокати мардуми Либия

Хабари хуб 23.12.2011 15:37

sozmonБа иттилои манбаъҳои дипломатӣ, Русия ба мутмаин сохтани Шӯрои амнияти СММ барои зарурати тафтиши иттилоъ оид ба ҳалокати мардуми осоишта аз зарбаҳои ҳавопаймоҳои НАТО дар Либия ҳанӯз муваффақ нашудааст.

Намояндаи доимии ИМА дар Созмони Милал Сюзан Райс изҳор намуд, ки Маскав ба ин васила мехоҳад таваҷҷуҳро аз қатъномаи Шӯрои амният оид ба Сурия ба дигар тараф ҷалб кунад. Дар ин қатънома саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ аз сӯи ҳукумати Башор Асад маҳкум шудааст.

Райс афзуд, ки ба тафтиши нави ҳодисаҳои Либия ниёзе нест, зеро мавзӯъи ҷиноёти эҳтимолии низомӣ дар ин кишварро Додгоҳи байнайлмилалии Ҳейг таҳқиқ мекунад.

Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ мутмаин аст, ки маҳз аз сӯи Шӯрои амният тафтиш шудани куштори мардуми осоиштаи Либия дар зарбаҳои ҳавоии НАТО - ягона роҳи ошкор кардани ҳақиқат дар бораи ҳаводиси Либия аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97