Дар вилояти Мангистави ҷумҳурии Қазоқистон бар асари беназмиҳои умумӣ 10 нафар кушта шудаанд.
Додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, беназмиҳо дар ҳоле шурӯъ шуд, ки як гурӯҳи мардум ба маросими идона дар Жанаозен ҳамла карда, саҳнаи консертӣ ва юртаҳоро дар ҷашнгоҳ тахриб намуд ва биноҳро оташ зад.
Асхат Даулбоев, додситони кулли Қазоқистон дар нишасти хабарӣ шоми 16-уми декабр дар Остона ба хабарнигорон гуфт, "бино бар шумориши пешакӣ 10 нафар кушта шудаанд, захмиён ҳам ҳастанд, аз он ҷумла кормандони полис."
Дар бетартибиҳои оммавӣ бинои ҳукумати шаҳр, меҳмонсароҳо, идораи ширкати "Озенмунайгаз" сӯзонда шудаанд. Нашрияи маҳаллии «Актау-Лада» хабар додааст, ки 5 корманди полис маҷрӯҳ шудаанд.
Мӯътаризон маъмурони пулисро лату кӯб намуда арчаи солинавӣ ва як автобуси дар майдон бударо низ ба оташ кашиданд. Ба гуфтаи расонаҳо, дар дасти ҳамлагарон ба ҷуз калтаку лулаҳои пластикӣ, ҳамчунон зарфҳои шишагии пур аз сӯзишворӣ низ будааст, ки дар натиҷа панҷ корманди пулис ҷароҳатҳои вазнин бардошт ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ин расонаҳо менависанд, ҳамлаварон коргарони собиқи ширкати нафти "Озенмунайгаз" будаанд, ки моҳи ҳафтум аст, бо талаби афзоиши дастмузд ва беҳбуди шароити кор дар маркази Жанаозен тазоҳурот мекарданд.