Низом Маҳкамов, як тоҷики муқими шаҳри Маскав, барандаи ҷоизаи “Муаллими соли Маскав - 2012” шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи радиои «Озодӣ», ӯ ҳафт сол инҷониб дар Омузишгоҳи политехникиии шаҳри Маскав ба номи Иван Павлов ба ҳайси омузгор фаъолият мекунад. Барои дарёфти ҷоизаи “Муаллими соли Маскав - 2012” беш аз 860 омузгори ботаҷрибаи шаҳри Маскав довталабӣ мекарданд, вале бахт ба рӯи ин омузгори тоҷик хандид.
Низом Маҳкамов гуфтааст; “ҳоло дар Омузишгоҳи политехникии рақами 8-и Маскав фаъолият дорам. Қаблан дар комбинати таълимӣ-истеҳсолии рақами 1-и шаҳри Исфара ва мактаби таҳсилоти умумии рақами 1 кор мекардам ва ба муҳассилин аз фанни информатика дарс мегуфтам.”
Ин омузгори тоҷики муқими шаҳри Маскав гуфтааст, масъулони пойтахти Русия ба муаллимон ва олимони ҷавон таваҷҷуҳи зиёд доранд ва олимон ва устодони ҷавон дар се соли аввали фаъолият бар иловаи маошашон боз 30 дарсад вобаста ба ҳаҷми маоши худ маблағи иловагӣ дарёфт мекунанд.