Исмоилов аз пардохти ҷарима озод шуд

Хабари хуб 07.12.2011 18:31

Додгоҳи вилоятиIsmoilov Суғд Муҳаммадюсуф Исмоиловро аз пардохти ҷарима ба маблағи 35000 сомонӣ озод кард.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар бо Озодӣ гуфтааст, додгоҳ зимни баррасии шикояти хабарнигори "Нури зиндагӣ", ҳукми додгоҳи шаҳри Табошарро бидуни тағйир гузошт, аммо хабарнигорро аз пардохти ҷарима озод кард. Ҳамчунин ҳукми додгоҳ дар мавриди маҳрумият аз фаъолияти рӯзноманигориро низ дар нисбати Исмоилов лағв намуд.
Ин дар ҳолест, ки  14-уми октябр, додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори "Нури зиндагӣ" Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Қозии парванда ҳамчунин гуфта буд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" наметавонад то се соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97