Як худкушии дигар дар Кӯлоб

Хабари хуб 06.12.2011 16:46

alovҲадиса Амирхонова, як сокини дигари шаҳри Кӯлоб, ки дар бозори марказӣ ҳамчун соҳибкор фаолият мекард, шаби 1-уми декабр тахминан соати 00-30-дақиқа ба таври худсӯзӣ қасди ҷони худ кардааст.

Замоне ки аҳли оила дар хоб будаанд, номбурда ба сару гарданаш моеъи керосин рехта, худро оташ задааст. Ҳадиса дар беморхонаи марказии шаҳр пеш аз маргаш ба кормандони додситонӣ шикоят аз лату куб ва таҳқиру таҳдид аз ҷониби шавҳараш кардааст.

Ёразиз Ғуломалиев, прокурори шаҳр зимни шарҳи ин иттилоъ ба хабаргузории «Озодагон» гуфтааст, ки шавҳари Амирхонова бо ҷурми зӯроварӣ ва ба ин ҳолат овардани ҳамсараш боздошт гардида, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз аввали сол ин ҷониб барои дуввумин маротиба аст, ки кормандони прокуратураи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз моддаи 109, кодекси ҷиноятии ҶТ (ба худкушӣ оварда расонидан), нисбати ашхоси гумонбар парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97