Ду ҳодисаи маргбор дар масири Душанбе-Дарвоз

Хабари хуб 05.12.2011 17:24

SadamaI_DarvozШаби гузашта як мошини мусофирбари дар мавзеъи Марғзори деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз чаппа шуда ба дарёи Панҷ афтидааст.

Дар натиҷа аз 8 мусофири дохили мошин, ки чаҳор нафар зан, се мард ва як тифл будаанд, Гавҳар Қурбонова соли таваллудаш 1952 ҳалок шуда, дигарон захмҳои гуногун бардоштаанд. Тавре Мирабон Мазорбунов яке аз наздикони марҳум, ки барои овардани ҷасад ва дигар мусофирон рафта буданд гуфт, ки ҳодиса соатҳои 11 шаби 4 декабр рух додаст. Сабаби он аниқ маълум нест. Ҳамаи мусофирон сокинони ноҳияи Ванҷ будаанд, ки аз Душанбе ба он ҷо сафар доштаанд.

Ҳамчунин тавре итилоъ дода мешавад, дар се рӯзи пеш Аҷамёри Қурбон, як сокини 20 солаи ноҳия бар асари резиши санг ба болои мошини боркаши чиноӣ дар ин масир ҳалок шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97