Солеҳӣ аз ҳамла ба сафорати Бритониё "мутаассиф" аст

Хабари хуб 05.12.2011 09:44

SolehiАлӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, аз ҳамла ба сафоратхонаи Бритониё дар Теҳрон изҳори таассуфи амиқ кард.


Дар суҳбат бо вазири умури хориҷии Олмон Гидо Вестервелле дар шаҳри Бонн Солеҳӣ изҳор намуд, ки кишвараш барои дар оянда такрор нашудани ин гуна ҳодисаҳо аз ҳама чораҳо кор мегирад.  Алӣ Акбар Солеҳӣ барои ширкат дар конфаронси Бонн оид ба Афғонистон вориди Олмон шуд.
Мақомоти Бритониё баъд аз ҳамла ба сафорати кишвар дар Теҳрон дипломатҳои худро аз Эрон берун оварда, сафорати Эрон дар Лондонро бастанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97