Русия ба режими Сурия мушакҳои зидди киштӣ додааст

Хабари хуб 02.12.2011 10:28

mushhaki_rusiХабаргузории “Интерфакс”-и Русия аз қавли як манбаи дипломатӣ дар Маскав иттилоъ додааст, ки Русия ба режими Сурия мушкаҳои шинокунандаи зидди киштӣ фиристодааст.

Таъйид ё такзиби расмии ин хабар ба даст наомадааст. Дар гузориш аз номи ин сарчашма нақли қавл шудааст, ки Русия ба Сурия мушакҳои шинокунандаи зидди киштии навъи Яхонт додааст. Дар гузориш маълумот дода нашудааст, ки ин мушакҳо кай интиқол дода шудаанд ва шумораи онҳо чӣ қадр будааст. Вале гуфта мешавад, ки арзиши қарордоди мазкур ҳудуди 300 миллион долларро ташкил медиҳад. Бино ба ин хабар, Русия бовар дорад, ки Сурия аз тамоми ҳамлаҳои обӣ акнун метавонад соҳилҳои худро дифоъ кунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97