Сафири Русия бо "Гурӯҳи мусоидат" мулоқот кард

Хабари хуб 23.11.2011 21:13

Safiri_Rusiya22 ноябр мулоқоти намояндагони "Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон" бо Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҷаноби Юрий Попов баргузор шуд.

Дар ин бора ҳамоҳангсози фаъолияти Гурӯҳи мазкур Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи русзабони "Азия- плюс" ба "Миллат" хабар дод. Мамадшоев гуфт, ки намояндагони "Гурӯҳи мусоидат" Сафири Русия дар Тоҷикистонро ба ҳадаф ва вазифаҳои ин созмони ҷамъиятӣ ошно сохтаанд. "Мо ба ҷаноби Попов гуфтем, ки "Гурӯҳи мусоиҷдат" як созмони ҷамъиятӣ аст ва он дунболи ҳадафҳои сиёсӣ нест. Мақсади асосии аъзои Гурӯҳ таъсир расонидан ба афкори ҷамъиятӣ дар ҳарду кишвар аст, то ҷиддӣ ба вазъи муҳоҷирон ва ҳалли мушкилоти онҳо расидагӣ шавад,- изҳор дошт Марат Мамадшоев.

Баъдан миёни намояндагони "Гурӯҳи мусоидат" ва ҷаноби Юрий Попов мубодилаи афкор сари вазъияти кунунии Русия ва Тоҷикистон сурат гирифт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97