
Субҳи дирӯз ҷасади Ифтихор Анварови 22 соларо аз шаҳри Маскав ба Душанбе оварданд.
Яке аз наздикони ӯ мегӯяд, ки марҳум дар сохтмонҳои воқеъ дар «Тёплый Стан»-и вилояти Маскав кор мекардааст. «Ҷасади ӯро рӯзи 20 ноябр дар яке аз биноҳои пайдо кардаанд, сабаби кушта шуданашро касе аниқ намедонад. Танҳо ҳаминро бояд гуфт, ки ҳангоме, ки ӯро пайдо кардаанд, дар чанд ҷои баданаш нишонаҳои захми корд ё чизи дигари амсоли он намудор буда аст», - иброз дошт ӯ. Ҳамакнун тобути ин ҷавонмарги ноновар дар ҳоли интиқол ба зодгоҳаш-ноҳияи Ванҷ мебошад. Тавре иттилоъ ёфтем Ифтихор ягона саробону нонвари хонаводаи бе падармонда будааст, ки аз дасти қотиле кушта шуд. Қатлу қотили ин муҳоҷири ғурамарг мисли дигар қотилони ин миллат мармузу пӯшида аст. Ё боз ин суолест ки бе посух хоҳад монд?