Нахустин нишасти расмии гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирин

Хабари хуб 19.11.2011 10:12

DepportДар шаҳри Душанбе Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон муаррифӣ шуд.


Дар ин нишаст гурӯҳ барномаи кори  худ барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти пешомада – ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русияро эълон намуд. Ба гурӯҳ асосан зиёиёни тоҷик – ҳунармандону донишмнадону хабарнигорон шомилан  ва раёсати онро таъиягари маъруф Барзу Абдуразоқов бар дӯш дорад.
Дар нишаст гуфта шуд, ки Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон мехоҳад бо халабонҳои маҳкумшуда – Садовничий ва Руденко дидор дида,аз вазъи онҳо огоҳ шавад ва як ҳайатро барои сӯҳбат бо мақомоти марбутаи Русия ба Маскав фиристад.
Таъқиби муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия баъди он шурӯъ шуд, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан инвестмент ЛТД -  шаҳрванди Русия  Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ, марзшиканӣ ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвозҳо барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард. Ин ҳукм боиси хашму ғазаби мақомоти Русия шуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97