Ҳизби сотсиал - демократ интихоботро таҳрим мекунад

Хабари хуб 02.11.2011 17:33

ZOIROV_01Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз азҳоби сиёсӣ ва мардуми кишвар хостааст, ки интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Шоҳмансурро таҳрим бикунанд.

Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур, рақами 3 қарор аст, рӯзи 18 декабри соли равон баргузор шавад.      

Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар муроҷиати худ гуфтааст кумиссюнҳои қитъавии интихоботӣ, ки амалан ҳалкунандаи тақдири интихобот мебошанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба манфиати Ҳизби халқӣ- демократӣ ташкил карда мешаванд ва ин асоси тақаллубкорӣ дар интихобот, тағйир додани иродаи мардум, забти ҳокимияти давлатӣ аз сӯйи ҳизби ҳокими халқии демократӣ мебошад.

Ба бовари масъулини Ҳизби сотсиал- демократ интихоботҳои қаблан дар кишвар баргузоршуда ин ҳолатро пурра собит намудаанд. ҲСДТ дар муроҷиати худ гуфтааст, то ин ҳолат ислоҳ нашавад ва намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ ба узвияти кумиссюнҳои қитъавӣ ворид нашаванд, дар Тоҷикистон интихоботи шаффоф ва одилона баргузор намегардад.

То як рӯзи дигар, яъне 3 ноябр мӯҳлати пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Шоҳмансур поён меёбад, аммо то ҳол ҳеч яке аз аҳзоби сиёсӣ ва ё довталабони мустақил омодагии худро барои ширкат дар ин интихобот изҳор накардааст.

Ҳамин тавр, ҲСДТ нахустин ҳизби сиёсӣ аст, ки мавқеи худро дар бораи интихоботи миёндаври Шоҳмансур иброз мекунад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, муҳимтарин ташаккули сиёсии мухолифи давлат гуфтааст, дар ин маврид рӯзи 2 ноябр тасмим хоҳад гирифт. Ба гуфтаи раиси ҲСДТ Раҳматулло Зоиров, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз пешниҳоди таҳрими интихобот ҷонибдорӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Шоҳмансур Сафаралӣ Раҷабов, дар собиқ раиси Маҷлиси олии Тоҷикистон буд, ки рӯзи 5 октябр ба таври ногаҳонӣ вафот кард.

Коршиносон мегӯянд, интихоботи соли гузаштаи порлумонӣ ва интихоботи шаш моҳи пеши миёндаврӣ дар ҳавзаи интихоботии Сино, рақами 4, ки мухолифон ва номзадҳои мустақилро ба шиддат норозӣ гузошт, дили аҳзоб ва шахсиятҳоии мустақилро аз рафтан ба корзори интихоботӣ сард кардааст. Ва аксари аҳзобу шахсиятҳои сиёсӣ рафтан ва ширкат дар интихоботро зоеъи вақт ва беҳуда медонанд.

Вале боз коршиносон бар ин назаранд, ки имкон дорад, фардо дар сурати худдории аҳзоби мухолиф аз ширкат дар интихобот, Ҳизби халқии демократӣ намояндагони ду ҳизби ҷонибдори давлат, яъне Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро маҷбур ба ширкат дар интихобот кунад, то интихобот берақиб сурат нагирад. Тавре дар интихоботи шаш моҳи пеш дар ҳавзаи Сино аз чунин таҷриба кор гирифта шуда буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97