Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи баргузории Иди Қурбонро шашуми ноябр муқаррар кардааст.
Эшони Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ин тасмим дар нишасти рӯзи сешанбеи аъзои ин шӯро гирифта шудааст.
Қабл аз ин, мақомоти расмии кишвар эълон карда буданд, ки таҷлили Иди Қурбон мусодиф ба рӯзи душанбеи 7-уми ноябр хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи масъулони Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, намози Иди Қурбон дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар соати 7:45 дақиқаи субҳи рӯзи 6-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.
Ҳамин тавр, мардуми Тоҷикистон рӯзи якшанбеи шашуми ноябр ду ид - Иди Қурбон ва Рӯзи Қонуни асосиро таҷлил хоҳанд кард.