Шоҳзода Оғохони IV-пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шудааст.
Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз Оғохони чаҳорум ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пуле, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл хоҳад кард, ширкат мекунанд.
Дар сурати такмил, пули 162-метрӣ ноҳияи Шӯрободи Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон мепайвандад. Ин тарҳро Бунёди Оғохон бо кӯмаки молии ҳукумати Олмон амалӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ низ як пули иртиботӣ дар минтақаи Бадахшон, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам пайванд медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин пул бо 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағи Бунёди Оғохон оид ба рушд сохта шудааст.
Қаблан чунин пулҳо дар навоҳии Дарвозу Ишкошим ва маҳалли Теми Хоруғ сохта ва мавриди истифода қарор гирифтаанд. То ба ҳол пулҳои иртиботии байни Тоҷикистону Афғонистонро дар минтақа ҳудуди 20 ҳазор нафар убур карда, тавассути онҳо болиғ бар 6 миллион доллар молу коло интиқол шудааст.
Дар ҷараёни сафари Шоҳзода Оғохони IV ҳамчунин қарор аст, меҳмонхонаи панҷситорадори “Душанбе-Серена”, ки сохтмонаш дар остонаи таҷлил аз бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон анҷом пазируфта буд, ифтитоҳ шавад.