Бомбгузори интиҳорӣ 4 нафарро дар Кобул кушт

Хабари хуб 29.10.2011 16:07

Kabul_2BВазорати дохилии Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ имрӯз дар минтақаи Дорулмони шаҳри Кобул се фарди мулкӣ ва як сарбози афғон кушта шудаанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ сухангӯи вазорат гуфт, як бомбгузори маргталаб мошини бомбгузоришудаи худро соати ёздаҳуним дар наздикии корвони мошинҳои нерӯҳои байналмилалӣ мунфаҷир кард, ки аз он маҳал убур мекард. Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ низ гуфтанд, дар ин таркиш онҳо низ талафот додаанд, вале рақами дақиқе доир ба талафот нагуфтаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97