«Талко»: Қарздор нестем

Хабари хуб 28.10.2011 16:22

ШиркTalko_0222ати алюминии Тоҷикистон, «Талко», иддаъои матраҳшуда дар парлумони кишвар дар бораи қарздор будани ин корхона аз давлатро рад кардааст.

Ин ширкат рӯзи 28 октябр бо пахши баёнияе гуфтааст, ки ҳамаи андозҳо ё молиёти ҷории худро то аввали моҳи октябр ба таври комил ба давлат пардохта ва маболиғи пардохтшуда ба кумитаи молиёт нисбат ба таъаҳҳудоти корхонаи алюминиум бештар аст.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони парлумони кишвар барои баррасии қонун «Дар бораи буҷети давлатӣ», ки рӯзи 25 октябр барпо шуд, эълом шуд, ки корхонаи алюминиуми кишвар аз ҷумлаи корхонаҳоест, ки аз давлат дар заминаи пардохти молиёт қарздор аст.

Аммо масъулони Ширкати алюминиуми Тоҷикистон ин иддаъоро рад карда ва мегӯянд, ки ин ширкат бо Кумитаи молиёти Тоҷикистон санадеро имзо карда, ки тибқи он корхонаи алюминиум ҳеч қарзе аз давлат дар заминаи пардохти молиёт надоштааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи манобеъи расмӣ, корхонаи алюминиум дар гузашта ба маблағи зиёд аз давлат ва ширкати "Барқи тоҷик" қарздор будааст. Аммо сарнавишти ин қарзҳо маълум нест.

Ширкати алюминиуми кишвар аз бузургтарин корхонаҳои санъатӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки дар заминаи хариди нируи барқ аз имтиёзоте бархурдор аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97