Лукашенко: Узбакистон ба «бозие сеҷониба» машғул аст

Хабари хуб 27.10.2011 11:12

lukashenko-4800Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус, хостори ихроҷи Узбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шудааст.

Ӯ ин мавзӯъро дар дидор бо раисони парлумони кишварҳои узви СПАД дар пойтахти Белорус матраҳ кардааст. Бино ба гуфтаи ӯ, ахиран дар номае ба Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, низ хостори ихроҷи Узбакистон аз ин созмон шудааст. А.Лукашенко рӯзи 26 октябр дар ҷамъи раисони парлумонҳои кишварҳои узви СПАД аз ҷумла гуфтааст, ки аъзои парлумонҳои кишварҳои узв бояд мавзӯъи бознигарӣ дар идомаи узвияти Узбакистон дар ин созмонро баррасӣ кунанд.

Ба эътиқоди раҳбари Белорус, ҳоло “Узбакистон бозии сегоник анҷом медиҳад ва ба ин далел наметавонад узви СПАД бошад.” Вай мушаххасан дар бораи “бозиҳои сегоники” Узбакистон тавзеҳ надода, вале ишораи ӯ зоҳиран ба тавсеъаи равобити Узбакистон бо Ғарб аст, ки бисёреро дар СПАД нороҳат кардааст. А. Лукашенко афзудааст: “Узбакистон баъди дубора ба СПАД пайвастанаш то ҳол ҳеҷ яке аз асноди ин созмонро тасвиб накардааст ва узвияташ рамзӣ аст.”

Зимнан, СПАД, ки ба эътиқоди бархеҳо, васвасаи рақобат бо НАТО-ро дорад, дар соли 1992 аз сӯйи давлатҳои Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуда буд.

Соли 1999 Гурҷистон ва Озарбойҷон аз ин созмон берун рафтанд. Ҳамон сол Узбакистон низ узвияти худро дар СПАД мутаваққиф кард, вале соли 2006 дубора ба он пайваст.

Фаъолияти Узбакистон дар ин созмон пайваста мавриди интиқоди мақомоти бархе аз кишварҳои узви СПАД қарор гирифтааст. Дар тобистони осли ҷорӣ Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, аз ширкат дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Остонаи Қазоқистон худдорӣ кард.

Дар пайи ин амр, бархе аз манобеъ дар бораи эҳтимоли ихроҷи Узбакистон аз СПАД изҳори назар карданд. Вале Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, изҳор дошт, ки Узбакистон узви ин созмон боқӣ мемонад.

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, дар дидораш бо руасои порлумонҳои кишварҳои узви СПАД ҳамчунин гуфтааст, ки ҳалли масъалаи таҷдиди назар дар мавриди узвияти Узбакистон дар ин созмон хеле муҳим аст.

Вай гуфтаст: «Ин мавзӯъ хеле ҷиддист, мо шӯхӣ намекунем. Вазъияти байналмилалӣ ноором аст ва мо бояд тасмимоти рӯшане бигирем ва касеро ҳам наранҷонем. Ҳеч кас хоҳони ихроҷи Узбакистон аз СПАД нест, вале агар шумо мехоҳед узви ин созмон бошед, пас, лутфан, шароити ин созмонро бипазиред.» Ҷаноби Лукашенко ҳушдор додааст, ки дар ниҳоят давлати Узбакистон ба ин натиҷа хоҳад расид, ки узвияташ дар СПАД қабл аз ҳама ба суди ин кишвар аст: «Мутмаиннам, ки дар оянда кишварҳои узви Анҷумани Иқтисодии УруОсиё низ шомили СПАД хоҳанд шуд.»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97