Боз як роҳиби дигар дар Чин худро оташ зад

Хабари хуб 26.10.2011 10:34

MonakhБоз як роҳиби дигар ба нишонаи эътироз бар зидди давлатдории Чин дар минтақаи Ҳимолой худро оташ зад.

Гурӯҳи Тибети Озод марказаш дар Лондон мегӯяд, ин роҳиб худро дар назди дайр ё хонақоҳ дар вилояти Сичуан воқеъ дар ҷануби ғарб оташ задааст. Гурӯҳи Тибети Озод мегӯяд, ки натавонистааст ном ва сину соли ин роҳибро дақиқ кунад. Аз моҳи марти соли ҷорӣ то ҳол 9 нафар тибетиёни ҷавон ҳамин гуна ба нишонаи эътироз худро оташ задаанд. 5 нафари онҳо ҷон доданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97