Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико сафари худ аз Тоҷикистонро аз мулоқот бо намояндагони ҷомеаи маданӣ оғоз кард.
Мулоқоти хонум Клинтон ин лаҳзаҳо дар Маркази исмоилиёни Душанбе бо ҳузури аҳли зиё, намояндагони Васоити ахбори омма ва донишҷӯён ҷараён дорад.
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико дар доираи сафари минтақавии худ, соати 8-и шоми рӯзи ҷумъа вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шуд ва дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон истиқбол кард.
Ҳамчунин дар маросими истиқболи Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии ИМА, Роберт Блейк-фиристодаи вижаи ИМА дар Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ ва Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Қарор аст хонум Клинтон имрӯз 22-юми октябр бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот кунад. Инчунин нишасти хабарӣ бо иштироки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва котиби давлатии ИМА дар
назар аст.
Интизор меравад, дар ин мулоқотҳо масоили мухталифи марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА ва ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигиранд.
Хонум Клинтон аз Исломобод ба Тоҷикистон сафар мекунад ва ба дунболи он ба Узбакистон хоҳад рафт.
«Озодӣ»