Шӯрои миллии гузори Либия мегӯяд, Муаммар Қаззофӣ, раҳбари барканоршудаи ин кишвар дар Сирт ба ҳалокат расидааст.
Сарвазири ҳукумати муваққати Либия Маҳмуд Ҷибриил марги раҳбари барканоршудаи ин кишвар Муаммар Қаззофиро тасдиқ кард. Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Троблус гуфт, Қаззофӣ ҳангоми ишғоли шаҳри Сирт кушта шудааст.
Фармондеҳони Шӯрои давраи гузариш иттилоъ дода буданд, ки Қаззофӣ дар зодгоҳаш шаҳри Сирт боздошт шудааст. Яке аз мансабдорон ба хабаргузори Ройтерз гуфт, Қаззофӣ аз сар ва пойҳояш ҷароҳат бардошт ва ин захмҳо боиси марги ӯ шудаанд.
Телевизионҳои мухталиф акси ҷасади саршор аз хуни Қаззофиро намоиш додаанд. НАТО мегӯяд, субҳи панҷшанбе (20 октябр) ҳавопаймоҳои ин паймон корвони иборат аз ду мошини низомиро мавриди оташ қарор додааст. Вале сухангӯёни НАТО нагуфтаанд, ки оё ин корвони Қаззофӣ буд ё хайр.
Табибон мегӯянд, рӯзи панҷшанбе бар асари бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Сирт камаш се сарбози нерӯҳои вафодор ба ҳукумати муваққат кушта ва 30 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.
«Озодӣ»