Медведев хостори истеъфои ҳукумати Сурия шуд

Хабари хуб 08.10.2011 10:29

Medvedev_RUSSIAРаисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев гуфт, агар раҳбарияти Сурия ба роҳандозии ислоҳот қодир нест, истеъфо диҳад.

Вай ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ин тасмимро бояд мардум ва сарварони Сурия бигиранд. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки бино бар баёнияи нави СММ дар тазоҳуроти зидди раисиҷумҳури Сурия, Башор Асад аз моҳи март ба ин сӯ 2900 нафар кушта шудаанд. Русия ва Чин аз Қатъномаи нави СММ дар робита ба Сурия пешгирӣ карданд. Медведев афзуд, кишвараш дар оянда низ ба таҳримҳои Шӯрои амният, ки ҳадафашон сарнагунии ҳукумати Сурия бо шароити қудратҳои ғарбӣ бошад, мухолифат хоҳад кард.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97