Сафаралӣ Раҷабов даргузашт

Хабари хуб 06.10.2011 10:48

Safarali_RajabovРаиси пешини Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва собиқ вазири маориф - Сафаралӣ Раҷабов дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Бино ба гуфтаи мақомот намози ҷанозаи Сафаралӣ Раҷабов соати 11-и имрӯз, 6 октябр, дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор ва ҷасади ӯ дар оромгоҳи “Лучоб” ба хок супорида хоҳад шуд.
Сафаралӣ Раҷабов пас аз пирӯзӣ дар интихоботи порлумонии соли 2010 вазифаи раҳбари Кумитаи Маҷлиси Намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллиро ба ӯҳда дошт.
Вай моҳи сентябри соли 1955 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1977 Донишгоҳи омӯзгорӣ ва соли 1989 Донишгоҳи кишоварзиро хатм кардааст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ низ буд.

"Озод​​ӣ"

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97