Ҷилавгирӣ аз як сӯъиқасд ба ҷони Карзай

Хабари хуб 05.10.2011 19:25

Вазорати умури дохилаsuiqasdi_Karzayи Афғонистон мегӯяд, мақомот имрӯз дар Кобул 6 нафарро бо гумони таҳияи сӯъиқасд ба ҷони раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай дастгир кардаанд.

Идораи амнияти Афғонистон гуфт, ин гурӯҳ яке аз муҳофизони Карзайро барои қатли ӯ ҷалб кардааст. Сухангӯи ин идора Лутфуллоҳ Машъал  гуфт, ин  “гурӯҳи хатарноки таълимдида” устодону толибилмонро низ фаро мегирифт. Ӯ гуфт, боздоштшудагон бо як узви Ал-Қоида ва бо шабакаи Ҳаққонӣ,  мустақар дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони шимолии Покистон робита доштаанд. Ҳангоми эълони ин боздоштҳо худи Карзай ҳанӯз дар сафари Ҳинд қарор дошт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97