Дар бархе аз манотиқи кишвар шабона интиқоли нирӯи барқ ба хонаи сокинон қатъ шудааст.
Рашид Гулов, сармуҳандиси ширкати “Барқи Тоҷик”, дар мавриди қатъ шудани интиқоли нирӯи барқ дар деҳоти кишвар гуфтааст, ки ба хотири таъмири хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо барқро хомӯш кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, маъмулан дар остонаи фасли сармо хат ва васоили интиқоли нирӯи барқ мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Ин манбаъ таъкид кардааст, ки ҳоло ҷараёни об дар дарёи Вахш тибқи меъёр буда ва дар ширкати “Барқи Тоҷик” мавзӯъи ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли нирӯи барқ баррасӣ нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта маҳдудият дар интиқоли нирӯи барқ дар моҳи ноябр шурӯъ шуда буд ва ба сокинон дар шабонарӯз 12 соат барқ дода мешуд.