Ёқуб Салимов мариз аст

Хабари хуб 30.09.2011 17:52

Yoqub_Salimov«Аз дина рӯз, ки бо бачам дар зиндон дидор доштам, дигар чизе аз гулӯям намегузарад. Ёқубҷон мариз аст, поҳош дард мекунанд, як бор духтуро пешаш нарафтаанд», - мегӯяд Ашурбӣ Салимова, модари вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон, собиқ раиси гумруки кишвар ва сафири пешини Тоҷикистон дар Туркия Ёқубҷон Салимов, зимни як нишасти матбуотӣ, ки баъд аз зӯҳри имрӯз дар меҳмонхонаи «Авесто» баргузор шуд. Бону Салимоваи 86-сола афзуд, чанде қабл ба назди президент рафта будам, аммо иҷозаи вуруд ба пеши ӯро надодаанд.

Бояд гуфт, ки Ёқуб Салимов то ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад.Ин ҳам дар ҳолест, ки аз рӯзи эъломи ҳукми додгоҳ, ки ӯро барои 15 сол равонаи зиндон кардааст, беш аз 8 сол сипарӣ шудааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Ёқуб Салимов гуфт, ки то он ҷое ки ман иттилоъ дорам тибқи қонун Салимов баъди баромадани ҳукми суд бояд ба маҳбасхона равона карда мешуд. Аммо бо сабабҳои номаълум ӯро та ба ҳол дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё ба истилоҳ СИЗО- и Вазорати адлия нигоҳ доштаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи ман ин аст, ки ин қонун бояд амалӣ гардад. Чунки аз нигоҳи қонун дар СИЗО нигоҳ доштани Ёқуб Салимов ғайриқонунӣ мебошад.

Тавре ӯ зикр кард дар ҳукмномаи Салимов омадааст, ки саршавии адои ҷазо аз соли 2005 ба ҳисоб гирифта шуда ва адои ҷазо дар колонияиҳои ислоҳии низомашон сахт таъин карда шавад. Хешу табори Ёқуб Салимов мегӯянд, ки чанд бор ба парлумони кишвар, додситонии кулл, додгоҳи олӣ ва вазорати адлия хостори интиқоли ӯ аз боздоштгоҳи муваққатӣ ё, ба муассисаи ислоҳӣ шудаанд, вале то ба ҳол ҷавобе нагирифтаанд.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97