Дархости 16 соли зиндон барои Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» боиси нигаронии шадиди мо ва ҳатто эҷоди навъе даҳшат дар миёни маҳофили хабарнигорӣ шудааст.
Мо бар боварем, ки М. Исмоилов маҳз бо сабаби дар матбуот чоп шудани матолиби интиқодяш мавриди таъқиб қарор гирифта ва маҳкум мешавад. Беш аз 10 моҳ дар маҳбас нигаҳ доштан ва дархости ҳукми 16 соли зиндон ба М.Исмоилов, на танҳо ба хотири муҷозот ба амалкарди ӯст. Балки ин иқдом интиқоми як гурӯҳ афроди соҳибмансаб, ки дасти дарозе ба қонун доранд ва бо ҳадафи маҳдуд сохтани озодии баён ва эҷоди тарс ва ҷилавгирӣ аз воқеънигории хабарнигорон сурат мегирад.
Аммо дар ҳар сурат муҳим ин аст, ки ин амалкард бар зарари озодии баён дар Тоҷикистон аст ва бар имиҷи байналмилалии кишвар ба шидддат латма мезанад.
Дархости 16 сол ҳукми зиндон барои изҳори андеша, ҳатто бигузор барои лафзи олуда бо таҳқиру тавҳин ҳам, Тоҷикистонро дар ақсои олам шарсмор хоҳад кард. Дар ҳоле ки мо мутмаин нестем, ки мавриди тӯҳмату таҳқир дар матолиби ин муаллиф ҷой дошта бошад. Ин хабар ба шиддат дар саросари олам мунташир хоҳад шуд. Ба шиддате, ки Тоҷикистон имкони тавзеҳи онро нахоҳад дошт.
Агар ин иттифоқ биуфтад, Тоҷикистон мутмаинан душмани озодии баён ва тӯлонитарин зиндон барои рузноманигорӣ унвон хоҳад шуд.
Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон - Афрӯз аз тӯл кашидан ва печида шудани қазияи додгоҳии Маҳмадюсуф Исмоилов нигарон аст ва талаби ҳарчӣ зудтар озод шудани ӯро дорад. Мо аз Президенти Тоҷикистон тақозо мекунем, ки ба унвони кафили озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ин қазия мудохила кунад.
Заявление «АФРУЗ» - Международной ассоциации
персоязичных журналистов
Требования гособвинения о наказании Махмадюсуфу Исмоилову, корреспондента газеты «Нури зиндаги» 16 лет лишения свободы, вызывает тревогу и опасение не только среди нас, но и всего журналистского сообщества.
Мы убеждены, что М.Исмоилов преследуется в связи с публикацией своих критических материалов в прессе. Заключение М.Исмоилова более 10 месяцев в следственном изоляторе не является следствием его деятельности, а является местью группы должностных лиц, имеющие власть над законом и жаждущие ограничить свободу слова, а также порождать среди журналистов атмосферу страха от объективного изложения событий.
В любом случае, важно то, что данные действия приводят к ограничению свободы слова в Таджикистане и отрицательно влияют на имидж страны в международной арене.
Требование о 16 лет тюремного заключения за выражения мнений, даже если оно сопряжено с оскорблением, позорить Таджикистан в международной арене. Такое решение распространится по всему миру с такой скоростью, что Таджикистан даже не сможет его комментировать, да никто и не будет требовать от нее комментариев.
В таком случае ждите, что Таджикистан нарекут врагом свободы слова и тюрьмой для журналистов.
Международная ассоциация персоязичных журналистов «Афруз» выражает беспокойство по поводу уголовного дела против Махмадюсуфа Исмоилова, продолжавшееся уже долгое время и требует его скорейшего освобождения из-под заключения. Мы просим Президента Таджикистана, как гаранта свобод человека и гражданина, вмешиваться в данное дело.