Созмони Байналмилалии Кор (СБК) аз имкони коҳиши ҷиддии ҷойҳои кор дар кишварҳои Гурӯҳи бист G20 ҳушдор додааст.
Ин ҳушдор дар гузориши муштараки СБК ва Созмони ҳамкорӣ ва рушд дар дидори вазирони кори (меҳнати) кишварҳои узви Гурӯҳи бист дар шаҳри Порис, дар рӯзҳои 26-27 сентябр садо додааст.
Дар баёнияи Созмони Байналмилалии Кор омадааст, дар ҷараёни бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар соли 2008 дар кишварҳои узви Гурӯҳи бист 20 миллион ҷойи кор коҳиш ёфта ва мумкин аст ин рақам дар соли оянда ба 40 миллион бирасад.
Тибқи ин санад, ҳоло теъдоди бекорон дар ҷаҳон ба беш аз 200 миллион нафар расидааст, ки ба мизони бекорӣ дар давраи Рукуди Бузург дар даҳаи 1930 баробар шудааст.
Хуан Осмавия, раиси кулли СБК дар дидори вазирони кори кишварҳои узви Гурӯҳи бист ворид кардани сармояи мустақимро ба бахши иқтисод ва ташкили ҷойҳои корро аз роҳҳои аслии ҳалли мушкили бекорӣ хондааст.
Ба Гурӯҳи бист кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва Русия шомиланд. Аз ин лиҳоз, рукуди иқтисодӣ ва коҳиши ҷиддии ҷойҳои кор дар Русия, ки ҳудуди миллион тан аз тоҷикон дар он ҷо кор ва зиндагӣ мекунанд, ба вазъияти муҳоҷирон ва дар маҷмӯъ, ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон беасар нахоҳад буд.
Зимнан, тибқи иттилоъи Созмони Байналмилалии Кор дар замони бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар соли 2008 теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва Қазоқистон 20 дар сад ва маблағҳои ворида аз онҳо то 30 дар сад коҳиш ёфта буд.
Аз сӯйи дигар, тибқи як пажӯҳиши дафтари Созмони Байналмилалии Кор дар Тоҷикистон, дар замони бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар соли 2008 бо вуҷуди аз даст додани кор дар сохтмонҳо ва муассисот теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик ба ватан бознагашта ва муваққатан дар шаҳрҳои Русия дар бозорҳо ба тиҷорати кучак ё корҳои дигари ба истилоҳ “сиёҳ” машғул шудаанд.