Хабаргузории «Форс» нахустин ниҳоди ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки барои рӯзноманигорони тоҷик давраи омӯзиши хабарнигориро имрӯз баргузор кард.
Тибқи иттиллои Қосими Бекмуҳаммад, мудири дафтари хабаргузории мазкур дар Душанбе, шурӯъ аз 26 то 30 сентябри солӣ ҷорӣ дар маркази матбуоти назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин ҳамойиш идома ёфта, намояндагони расонаҳои мухталифи давлатӣ ва мустақили Тоҷикистон ширкат карданд. Ҳамчунин оқои Қосими Бекмуҳаммад иброз дошт, ки маросими ифтитоҳи расмии ин давраи омӯзиш соати 10-и имрӯз, яъне 26 сентябри соли ҷорӣ бо ҳузури сафири ҶИЭ, раҳбарияти ҳабаргузории «Форс» ва масъулони хабаргузориҳо ва расонаҳои шинохтаи Тоҷикистон сурат гирифт, ки ширкаткунандагон перомуни ҳамкориҳои расонаии ду кишвар табодули назар карданд.
Пас аз маросими ифтитоҳӣ устодони ботаҷрибаи эронӣ - Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ, ки дар донишгоҳҳои гуногуни Эрон ба таълими рӯзноманигорӣ машуғул буда, дар мавзӯҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигории бӯҳрон» ва «Маънишиносии хабар» даҳҳо китоб ба нашр расондаанд, ба гурӯҳе аз ширкаткунандагони ин давраи омӯзиши курси рӯзноманигорӣ дарс гуфтанд.
«Форс», ки аввалин хабаргузории ғайридавлатии Эрон аст, дар соли 2002 таъсис ёфта ва ҳоло яке аз шинохтатарин расонаҳои ин кишвар ба шумор меравад. Ин хабаргузорӣ бо ҳадафи барқарор кардани иртибот бо мухотабони хориҷии худ дар соли 2005 пойгоҳи англисӣ, сипас арабӣ ва туркии худро низ эҷод кард ва дар ояндаи начандон дур роҳандозии бахши русиро низ дар назар гирифтааст.
Қобили қайд аст, ки хабаргузории «Форс» имрӯз низ дар кишварҳои мухталифи дунё, аз қабили Лубнон, Сурия, Миср, Фаластин, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Урдун, Сингапур, Ҳинд, Қирғизистон, Туркманистон, Англия, Амрико, Фаронса ва ғайра хабарнигор дорад.