Муҳиддин Кабирӣ барои боз як давраи дигар раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон интихоб шуд.
Садҳо вакили Анҷумани 9-уми ҲНИТ дар ҳузури меҳмонони хориҷӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ Муҳиддин Кабириро бо аксарияти оро барои боз як давраи дигар ба раҳбарии ин ҳизб пазируфтанд.
Ҳамчунин Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад раиси кумиссиюни тафтишотии ҲНИТ интихоб шудааст.
Муҳиддин Кабирӣ ба дунболи интихоб шуданаш ба раҳбарии ҳизб, дар рӯбарӯи ҳозирон суханронӣ кард ва гуфт, аз он ки бовар карда ва ӯро дубора ба ин симмат интихоб кардаанд, ташаккур мекунад. Ҷаноби Кабирӣ афзуд, талош мекунад дар чаҳор соли баъдӣ ҳар иштибоху камбуде, ки дар давраи қаблӣ дошт, ислоҳ кунад.
Муҳиддин Кабирӣ дар идома гуфт, хадафи аслӣ бояд хидмат ба мардум бошад, зеро ба гуфтаи ӯ, ин мардум шоистаи хидмат аст.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ягона ҳизб ба пояҳои динӣ дар густураи шӯравии собиқ буда аз умдатарин аҳзоби сиёсии Тоҷикистон маҳсуб мегардад ва теъдоди аъзои он 40 ҳазор тахмин зада мешавад. Ин ҳизб дар парлумони кишвар ду намоянда дорад.
«Озодӣ»