Аббос аз СММ дархости аъзогӣ намуд

Хабари хуб 24.09.2011 10:08

mahmoudabbas48Раҳбари давлати автономии Фаластин, Маҳмуд Аббос рӯзи ҷумъа дар муҷтамаи СММ баромад карда, аз СММ дархост намуд, ки кишварашро ба аъзои ин ташкилот бипазиранд. Ӯ гуфт, усулу тарзҳои гуфтушунидҳои ахире, ки истифода шудааст, натиҷаи хубе надодаанд ва имкони давом додани гуфтушунид нест, ҳангоме ки «артиши ишғолӣ ҷамъияти кишвари моро дар ҳоли тағйир қарор додааст»

Маҳмуд Аббос ҳамчунин ба намояндагони ҷомеаи байналмилал, ки дар муҷтамаи СММ ҷамъ омада буданд, ҳуҷҷатеро нишон дод, ки дар он баёнияи ҳукумати автономии Фаластин барои аъзогӣ ба СММ гирд оварда шудааст. Аббос изҳор дошт, ки халқи ӯ сазовори истиқлол аст, аммо қайд намуд, ки «фаластиниҳо «даст дароз мекунанд» ба Исроил ва омодаанд ба сари мизи музокирот биншинанду якҷо бо исроилиҳо ояндаи дурахшони фарзандони худро бисозанд.

Аммо Исроилу Амрико мухолифи эътирофи истиқлоли Фаластин ҳастанд ва раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама гуфтааст, ҳаргуна қатъномаи Шӯрои Амният дар ин мавридро вето хоҳад гузошт. Барак Обама мегӯяд, фаластиниҳо танҳо аз музокироти мустақим бо Исроил метавонанд, ба ин ҳадафи хеш, яъне таъсиси кишвари мустақили Фаластин ноил шаванд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97