Гузориши хабарнигори «Миллат» аз ҷанозаи Устод Раббонӣ

Хабари хуб 23.09.2011 15:44
Dafni_Rabboni

 

Маросими ҷанозаи Бурҳонуддини Раббонӣ, президенти пешини Афғонистон зери чораҳои шадиди амниятӣ дар Кобул баргузор шуд.

 

Ҳазорон нафар дар маросими ҷанозаи ин раҳбари ҷиҳодии Афғонистон дар Қасри раёсати ҷумҳури ин кишвар иштирок намудаанд.
Аз ҷумла, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон,  Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Толибшоҳи Сайидзода, муовини сардабири ҳафтаномаи "Миллат" низ дар он ҷо ҳузур доштанд. 
Ҳабарнигори «Миллат» дар як тамоси телефонӣ аз Кобул гуфт, ки дар маросими ба хоксупории ҷасади Бурҳонуддини Раббонӣ бархе аз ҷонибдорони раҳбари пешини Афғонистон натавонистанд иштирок бикунанд.
Зеро ба гуфтаи ӯ, гурӯҳе аз ҷонибдорони Раббонӣ вазъиятро муташанниҷ карда буданд, яъне миёни онҳо ва маъмурони интизомӣ сангпартоӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Ҳамон тавре ҷаноби Сайидзода гуфт, ҳатто барои ором кардани мардуми  башӯромада, нерӯҳои иловагии амниятӣ дархост шуд.
Ҳамчунин ӯ мегӯяд, мардуми ба шӯромада бештар алайҳи раҳбари кунунии Афғонистон Ҳомиди Карзай ва ҳамчунин бар зидди Покистон шиорҳо медоданд. 
Пайкари Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон ва аз миёнҷигарони сулҳ дар ин кишвар ба хок супурда шуд. Дар маросими дафни устод Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай, қавл дод, ки талошҳои сулҳ дар ин кишвар ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Аммо Салоҳиддини Раббонӣ, писари Устод Раббонӣ зимни суханронӣ дар ин маросим бо истинод ба хостаҳои Устод бар ваҳдати миллӣ дар Афғонистон таъкид карда, аз масъулони давлат хост, то қатли падараш таҳқиқ ва омилони ин ҷиноят ҳарчӣ зудтар ошкор шаванд. Ҳазорон нафар дар шаҳри Кобул дар маросими дафн ширкат карданд. Агарчӣ суханронии Салоҳиддин охирин суханронӣ дар сари хоки Бурҳониддини Раббонӣ эълом шуд, аммо анбӯҳи мардум ҳамоно сари қабр мунтазир менишастанд ва дар фикри тарки он мавзеъ ҳам набуданд. Доктор Абдулло дар маҳзари ом ҳозир шуд, аммо баландгуро хомуш карданд.

 

Бурҳонуддини Раббонӣ, ки 71 сол дошт, рӯзи сешанбе дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар манзилаш дар Кобул кушта шуд ва дар оромгоҳи Вазир Акбархони Кобул ба хок супурда шуд.


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97