Хабарнигори "Миллат": Дар мотами Устод Афғонистон сияҳпӯш аст

Хабари хуб 23.09.2011 12:37

Ustod_darguzashtТолибшоҳи Саидзода, хабарнигори «Миллат», ки ба намояндагӣ аз ҳафтанома ва ҳам аз Анҷумани хабарнигорони форсизабон “АФРӮЗ” ба хотири ширкат дар маросими видоъ бо устод Раббонӣ ва пайгирии ин маросим ба Кобул рафтааст, хабар дод, ки Афгонистон ҷомаи мотам ба бар дорад ва мардумони зиёде аз тамоми ақвоми Афғонистон дар сӯги Устод Раббонӣ нишастаанд. Ба гуфтаи вай, на танҳо дар идороту муассисот, балки ҳатто бар дару девори хонаҳои мардум парчами сиёҳу сарафканда аз шаҳодати бузургтарин марди муқовимати миллии афғонҳо дида мешавад.

Устод Раббонӣ рӯзи сешанбе бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ ҳангоми музокироти сулҳ бо як намояндаи Толибон дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Ҳамлагар бомбро дар саллааш пинҳон карда буд. Пулиси Афғонистон мегӯяд, дар рӯзи маросими дафни Раббонӣ 3 000 нирӯи изофиро ба ҳолати омодабош овардаанд. Мақомоти афғон дар қатли Раббонӣ Толибонро гумонбар медонанд. Сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон Шафиқуллоҳ Тоҳирӣ гуфт, ин сӯъиқасд ҳанӯз 4 моҳ қабл аз сӯи Шӯрои Квейта - ниҳоди олии раҳбарии ҷунбиши Толибон - тарроҳӣ шуда буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97