Устод Раббониро имрӯз ба хок месупоранд

Хабари хуб 23.09.2011 09:02

RabboniИмрӯз дар Кобул ҷанозаи раҳбари собиқи Афғонистон  ва раиси Шӯрои олии сулҳи он кишвар Бурҳонуддин Раббонӣ баргузор мегардад.

 

Устод Раббонӣ рӯзи сешанбе бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ ҳангоми музокироти сулҳ бо як намояндаи Толибон дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Ҳамлагар бомбро дар саллааш пинҳон карда буд. Пулиси Афғонистон мегӯяд, дар рӯзи маросими дафни Раббонӣ 3 000 нирӯи изофиро ба ҳолати омодабош овардаанд. Мақомоти афғон дар қатли Раббонӣ Толибонро гумонбар медонанд. Сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон Шафиқуллоҳ Тоҳирӣ гуфт, ин сӯъиқасд ҳанӯз 4 моҳ қабл аз сӯи Шӯрои Квейта – ниҳоди олии раҳбарии ҷунбиши Толибон – тарроҳӣ шуда буд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Вошингтону Кобул бо вуҷуди қатли Раббонӣ ҳаракатро ба сӯи сулҳ идома хоҳанд дод.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97