Як кушта ва шаст маҷрӯҳ дар Доғистон

Хабари хуб 22.09.2011 12:47

Tarkishi_DoghistonШаби гузашта дар ҷумҳурии Доғистони Русия бар асари ду таркиш дар назди идораи минтақавии полис як афсари полис кушта ва камаш 60 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мансабдорони вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, таркишҳо дар шаҳри Махачқалъа дар масофаи 40 метр аз ҳамдигар ба вуқӯъ пайвастаанд.Таркиши аввал хурд буда, касеро маҷрӯҳ накард. Вале баъд аз он мошине бо тахминан 40 килограмм маводи тарканда мунфаҷир шуд. Ба қавли мақомот аз миёни маҷрӯҳон 44 нафар афсари полис ва боқимонда афроди мулкӣ мебошанд.
Имрӯз ҳамчунон дар шаҳри Буйнакск афроди мусаллаҳ мошини раиси полиси муҳаллиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Раиси полис ҷон ба саломат бурд, вале ду муҳофизаш кушта шуданд.
Дар Доғистон тақрибан ҳар рӯз ҳамлаҳои мусаллаҳона ва бомбгузориҳо ба қайд гирифта мешаванд. Мақомот одатан гурӯҳҳои ҷиноии маҳаллӣ ва ифротгароҳои исломии марбут бо ҷудоихоҳони чеченро масъули ин ҳамлаҳо меноманд.

"Озодӣ"

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97