Шаҳодати устод Раб
бонӣ пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд бузургтарин хиёнат ва ҷиноят аз сӯи касонест, ки истиқлол ва озодии воқеии Афғонистонро намехоҳанд. Зеро дар таи даврони муҷоҳидати тӯлонии мардуми Афғонистон парчами истиқлолхоҳии воқеии ин кишварро шахсиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомии тоҷик устувортар аз дигарон дар дасти худ нигаҳ доштаанд. Аз ин рӯ, касоне, ки пушти ин ҷиноят ва хиёнати таърихӣ қарор доранд, қатъан танҳо толибон нестанд. Чунин иқдоме фақат бо тарроҳӣ ва ҳимоятҳои бедареғи кишварҳое метавонад ҷомаи амал пӯшад, ки нафъи худро дар идомаи бесуботиҳои Афғонистон мебинанд.
Устод Раббонӣ раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон буд ва ҳоло дигар мусаллам аст, ки бо шаҳодати вай раванди сулҳ ба бунбаст хоҳад расид. Зеро идомаи музокироти сулҳ бо созмоне, ки масъулияти қатли раҳбари конун ва ниҳоди ин сулҳро бар ӯҳда дорад, ғайримантиқист.
Бо шаҳодати устод Раббонӣ ин масъала рушан шудааст, ки террори шахсиятҳои тоҷики Афғонистон дар дастури кори душманон қарор дорад. Ин раванд дорои чанд ҳадафи меҳварист, ки дар раъси он шикастани иродаи қавми тоҷик барои бозӣ кардани нақши хос ва то ҳадде таъйинкунанда дар сарнавишти ин кишвар қарор гирифтааст. Бо террори устод Раббонӣ қадами ҷиддие дар ин масир бардошта шуд ва бидуни тардид, номи теъдоди дигаре аз шахсиятҳо ва нухбагони сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва ҷиҳодии тоҷики Афғонистон дар рӯйхати сиёҳи душманони дохилӣ ва хориҷии ин кишвар сабт шуда, ки бояд аз саҳна ҳазф бишаванд. Ин амр, дар ниҳоят, ҳадафи таслим ва тобеи иродаи худ кардани тоҷиконро дунбол мекунад, ки масъалаест бисёр нигаронкунанда. Ва он танҳо маҳдуд ба Афғонистон нахоҳад буд, зеро заъиф шудани ҷойгоҳи сиёсӣ ва низомии тоҷикон дар Афғонистон, бидуни шакку тардид, нақш ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи минтақаӣ ва байналмиллалӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт. Фурсати фикр кардан бар сари ин мавзӯъ фаро расидааст.