Устод Бурҳонуддини Раббонӣ террор шуд

Хабари хуб 21.09.2011 08:57

Rabbani5555454Президенти пешини Афғонистон, раиси Шӯрои Олии Сулҳи ин кишвар, роҳбари Ҷунбиши Исломии Афғонистон, сарвари нуҳзати муқовимати мардуми Афғонистон дар тайи 40 соли ахир, як тоҷики озодаву сарбаланду ғурурманд Устод Бурҳониддини Раббонӣ, ки 71 сол дошт, 20 сентябр дар манзили хеш дар шаҳри Кобул кушта шуд.

Сухангӯи полиси Кобул, Ҳашмат Станакзай гуфтааст, ки инфиҷор дар дохили манзили Бурҳонуддини Раббонӣ ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он Раббонӣ шаҳид шуда, чанд нафари дигар захмӣ гаштаанд.

Сардори бахши таҳқиқоти ҷиноии полиси Кобул, Муҳаммад Зоҳир гуфт, “аз ду нафаре, ки аз номи Толибон барои гуфтушунид ба назди Раббонӣ омада буданд, яке бомбаро дар саллааш пинҳон карда буд ва ҳангоме, ки ба Раббонӣ наздик шуд, бомбаро мунфаҷир кард.” Ба гуфтаи Муҳаммад Зоҳир, Раббонӣ ва чаҳор нафари дигар дар ин таркиш ба ҳалокат расида, ноиби Раббонӣ, Маъсум Станакзай захмӣ шудааст.

Як узви Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, Фозил Карим Аймоқ гуфт, марде, ки гуфта мешуд, бо "паёми махсус" аз тарафи Толибон омадааст, шахси "мавриди эътимод" буд.

Ҷунбиши Толибони афғон бо изҳороти сухангӯи худ Забеҳулло Муҷоҳид масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97