Қирғизҳо барои манъи ҳиҷоб эътироз карданд

Хабари хуб 20.09.2011 11:11

Qirgizi19 сентябр даҳҳо нафар дар як тазоҳурот дар рӯ ба рӯи вазорати маорифи Қирғизистон талаб кардаанд, ки пӯшидани ҳиҷобро дар макотиби миёна  иҷозат диҳанд.

Вазири маорифи ин кишвар Қаноат Содиқов намояндагони тазоҳургаронро ба ҳузур пазируфт, вале натоиҷи музокироти онҳо ҳанӯз эълон нашудааст. Дуйшон Абдуллоев, раҳбари созмони ғайридавлатие, ки ин раҳпаймоиро созмон дод, гуфтааст, ки агар пӯшидани ҳиҷобро дар макотиб боз ҳам манъ кунанд, рӯзи ҷумъа эътирозҳо дар манотиқи мухталифи Қирғизистон баргузор хоҳанд шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аз 1 сентябр ба ин сӯ шикоёти зиёд гирифтаанд, ки онҳоро бо рӯймол ба дарс иҷозат намедиҳанд.
Мақомоти маорифи Қирғизистон мегӯянд, пӯшидани ҳиҷобро ягон қонун манъ намекунад, вале дар кишвар либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шудааст, ки он рӯймолро дар бар намегирад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97