Солгарди ҳамлаи хунини Камароб

Хабари хуб 19.09.2011 09:01

Hamlai_KhuninИмрӯз, 19 сентябр аз шабехуни Камароб, ки мунҷар ба ҳалокати 28 сарбози артиши кишвар шуд, дуруст як сол мегузарад.

 

Мақомот масъулияти он ҳамларо ба гурӯҳҳои мусаллаҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ва Мулло Абдуллоҳ Раҳимов бор мекунанд.  Ин ҳамла ба амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ дар водии Рашт оғоз гузошт. Алии Бедакӣ дар натиҷаи ин амалиёт дар авоили моҳи январ ва Мулло Абдуллоҳ дар моҳи апрел кушта шуданд.  Давлат ба хотири саркӯбии ин гурӯҳҳо бо фармондеҳони собиқи мухолифин дар минтақа Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров вориди муомила шуд ва Искандаровро баъдан муовини раиси идораи умури дохилаи водии Рашт таъйин кард.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97