Имоми масҷиди як деҳа дар шимоли Қирғизистон мактаби миёнаи деҳаи хешро барои роҳ надодани духтараш бо рӯсарӣ ба додгоҳ кашид.
Имом Қанотбек Турдукоҷоев аз вилояти Иссиқкӯл дар ҳоле ба додгоҳ шикоят бурд, ки сарони мактаб духтари 11-солаи ӯ, Аминаро барои бастани рӯмол ба дарс роҳ надоданд. Ҳарчанд Амина ягона духтаре дар синфаш буд, ки рӯсарӣ дошт, ҳамсинфонаш ба ин мухолифат накардаанд. Биноан, Турдукоҷоев амали раҳбарони мактаби хилофи қонун шумурдааст.
«Озодӣ»