Бахшида ба иди ал-Фитр ҶДММ «Таком», ки хизматрасониҳояшро таҳти тамғаи савдоии Beeline пешкаш менамояд, ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Рӯшон ёрии башардӯстона расонд. Дастпарварони ин мактаб маводи хӯрока гирифтанд, ки он аз орд, равған, шакар, маҳсулоти хамирӣ ва биринҷ иборат аст.
Дар расмияти интиқоли ёрии башардӯстона директори интернат Мамадамин Абутуробов аз ширкати «Beeline» барои ғамхорӣ ва бетараф набуданаш ба ҳаёти кӯдакон сипосгузорӣ намуда, чунин иброз намуд: «Мо аз ширкати «Beeline» беҳад сипосгузорем, ки онҳо моро дар чунин нуқтаи дурдасти кӯҳӣ фаромӯш намекунанд. Ба кӯдакони мо як назар андозед, чӣ қадар онҳо имрӯз ба шарофати ширкати «Beeline» хурсанд ҳастанд».
Чорабинии мазкурро шарҳ дода, Сардори кули ҶДММ «Таком» Сергей Миронов қайд кард, ки «Барои мо донистани ниёзҳои аслӣ ва мушкилоти шахсони таҳти парасториамон қарордошта муҳим аст. Мо мехоҳем, ки хонаҳои кӯдакон маҳз он ёриеро бигиранд, ки ба он ниёз доранд. Мо мекӯшем, ки кӯдакони ятим ба ҷомеаи иҷтимоӣ ба таври ҳамгиро ва солимона ворид гарданд, зеро онҳо кӯдакони соҳибистеъдод ҳастанд ва завқи онҳо моро ба ҳайрат оварда, боиси таҳсин аст. Ширкати мо расонидани ёриро ба насли наврас қарзи шаҳрвандидии худ дониста, дар муҳайё сохтани шароити мусоид барои рушду маърифаромӯзии онҳо фаъолона ширкат меварзад».