Даргузашти афсари амниятии Русия дар Душанбе

Хабари хуб 01.09.2011 11:34

Mehmonkhonai HiatЯк афсари Хадамоти амниятии Русия рӯзи 31-уми август дар меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенсӣ”-и Душанбе даргузаштааст.

Дар ин бора Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дода ва гуфтааст, ки Владимир Кузнетсов, афсари 38-солаи амниятӣ ҳанӯз 26-уми июл ба Душанбе омада, таъмини амнияти сафари Медевдев ба Тоҷикистонро баррасӣ мекард.
Ҷаноби Асадуллоев сарусадоҳо дар бораи масмумият ё заҳролудшавии ин афсари амниятии Русияро рад кард ва гуфт, ки ӯ бар асари бемории қалб фавтидааст.
Ба қавли сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи бемории Владимир Кузнетсов ҳамроҳонаш низ хабар доштаанд.
Даргузашти як афсари Хадамоти амниятии Русия дар Душанбе дар ҳолест, ки сафари раисиҷумҳури ин кишвар, Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон шоми имрӯз, 1-уми сентябр оғоз меёбад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97