9 нафар дар таркишҳои худкушона дар пойтахти Чеченистон ба ҳалокат расида, зиёда аз 20 тан захмӣ шуданд.
Иди фитри имсола дар ҷумҳурии Чеченистони Русия бо силсилаи бомбгузориҳои маргталабона дар пойтахти он шаҳри Грознӣ дар ёд хоҳад монд. Аксари қурбониҳои бомбгузориҳо афсарони полис мебошанд.
Хабаргузориҳои Русия таъкид мекунанд, ки бомбгузори маргталаб маводи таркандаро замоне мунфаҷир кард, ки дар 50-метрии бинои парламенти Чеченистон афсарони полис бо ҳадафи боздошт ӯро иҳота карда буданд. Ду таркиши баъдӣ бошад, замоне ба вуқӯъ пайвастанд, ки афсарони полису раҳгузарҳо дар макони таркиши аввал ҷамъ шуданд.
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров масъулони бомбгузориро роҳзан номид: “Имрӯз рӯзи муқаддас, рӯзи барои мусулмонон шариф аст. Аммо онҳо ба мо фоҷеа оварданд.”
Ба қавли Қодиров гурӯҳи таҳти сарварии Доку Умаров масъули ин бомбгузориҳо мебошад. Умаров, ки дар пайгарди мақомоти Русия қарор дорад, худро амири Аморати Қафқоз номида, баҳри ташкили як давлати исломӣ дар қаламрави Қафқоз мубориза мебарад.
«Озодӣ»