Миёни Душанбе ва Исломобод хати парвоз боз мешавад

Хабари хуб 31.08.2011 19:59

Ali ZardoriОсиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Исломобод Зубайдулло Зубайдов ширкаташ дар нишасти чаҳорҷонибаи сарони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Русияро таъйид кардааст, ки Исломободу Душанбе ба таҳкими ҳамкориҳо сахт ниёз доранд.

Мақомоти расмии Русия ҳам гуфтааст, ки Дмитрий Медведев ҳафтаи равон бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Қарор аст, ки 2 сентябр Дмитрий Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот кунад ва рӯзи дигар дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди муштаракулманофеъ ширкат намояд. Гуфта мешавад, ки ҳамон рӯзҳо дар шаҳри Душанбе нишасти чаҳорҷонибаи сарони Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон ҳам доир хоҳад шуд. Ҷаноби Зубайдов гуфтааст, ки Осиф Алӣ Зардорӣ дар нишасти Душанбе дар баробари баррасии масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар минтақа ҳамчунин хостори пайдо кардани роҳҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Покистону Тоҷикистон хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ дар сеюмин мулоқоти чаҳоргона асосан масоили амнияти минтақа, авзоъ аз Покистону Афғонистон ва кишварҳои Осиёи марказӣ матраҳ мешавад. Аммо ҳамон тавре ки Зардорӣ ба дипломати тоҷик гуфтааст, дигар масоили муҳим, аз ҷумла, татбиқи тарҳи САSA-1000, ки интиқоли нирӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро пешбинӣ кардааст, бунёди роҳ аз тариқи "долони Вахон" ва дигар тарҳҳои муштарак низ баррасӣ хоҳанд шуд.

Ӯ аз ҷумла ишора кардааст, ки тайи солҳои 1993 то 1998 хатти парвози мустақими Душанбе- Карочӣ- Душанбе мавҷуд буд ва маҳз он солҳо бо вуҷуди нооромиҳо дар Тоҷикистон тиҷорат миёни ду кишвар рушд карда буд. Сафири Тоҷикистон гуфтааст, ки мо ҳоло талош дорем, ки парвози мустақими ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар аз сар гирифта шавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97