Иди Фитр кай аст; 30 ё 31 август?

Хабари хуб 30.08.2011 11:08

ё чаро мо ҳеч гоҳ 29 рӯз рӯза намегирем?

Idi FitrТибқи ахбори расонаҳои дунё дар иддае аз мамолики дунёи Ислом, аз ҷумла Афғонистон, қирғизистон, Миср, Қатар, Алҷазоир, Туркия, Кувайт, Арабистони Саъудӣ ва Федератсияи Русия 30 август намози Иди Фитр баргузор ва моҳи шарифи Рамазон хатм мешавад. Аммо Шӯрои уламои дини Тоҷикистон намози идро соати ҳафтуними субҳи 31-уми август муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки 31-уми август ва боз ҳам як рӯз дертар аз аксари кишварҳои мусулмонии ҷаҳон таъйин шудани таърихи таҷлили Иди Фитр мояи интиқодот аз ниҳодҳои динии кишвари мо шудааст.

Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Академияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки ба Шӯрои уламои дини Тоҷикистон ниҳоди аслии содиркунандаи фатво ҷуръат намерасад.

Ӯ мегӯяд яке аз корҳое, ки заминаи шаръӣ надорад, вале дар Тоҷикистон одат шудааст, ҳатман 30 рӯз гирифтани рӯзаи моҳи Рамазон аст. Қозикалони собиқи мусалмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар сӯҳбат бо "Миллат" гуфт, ки фардо, 30 август ӯ шахсан ифтор мекунад. Аммо дар мавриди гузоштани намози ид изҳор кард, ки то се рӯз гузоштани намози иди Фитр ҷойиз аст. Ин рӯҳонии саршинос гуфт, ки агар моҳи шаъбон сӣ рӯз бошад, пас Рамазон 29 рӯз мешавад. Ва Паёмбари акрам ҳам дар умри худ дастикам 5 маротиба моҳи шарифи Рамазонро рӯза доштааст, ки аз ин се бор 29 рӯзӣ рӯза гирифтааст.

Пас, далели Идораи динии кишвари мо барои интихоби 31-уми август ба симмати рӯзи ид чист? Ва сабаб чист, ки дар кишвари мо ҳамеша 30 рӯз рӯза мегиранд? Оё ҳукми онҳое, ки дар Тоҷикистон як рӯз пеш ид карданианд, чӣ хоҳад буд?

Ва оё он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин шабу рӯз дар хориҷ қарор доранд, бояд кай ид кунанд; 31-уми август, тавре Шӯрои   уламои Тоҷикистон мефармояд ва ё 30- юми август, агар муфтӣ ё имоми он кишваре, ки ба сар мебаранд, чунин ҳукм карда бошад?

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Қорӣ Сайидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, ки 93 дар сади Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил мекунанд ва мо ба институти астрофизикаи назди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ муроҷиат кардем, онҳо гуфтанд, ки 36 соати моҳи навро ба чашми сар дида намешавад. Дар ҳадиси Пайғамбари акрам омадааст, ки шумо моҳро дида ифтор кунед. Агар моҳро дида нашавад ва имконияти дидани моҳи шаввол набошад, бояд Рамазонро 30 рӯзи пурра рӯза бигиред. Аз рӯи далели шаръӣ ва далели илмие, ки расадхонаи астрофизикии мо имшаб имкони дидани моҳи шавволро надорем, аз ин рӯ мо рӯзи 31 августро ид эълон кардем. Фатво ин аст, ки дар минтақае, ки уламо иттифоқ кунанд ва раъият аз онҳо пайравӣ накунад, каффора бар онҳо воҷиб мешавад. Ба қавли Қорӣ Сайидмукаррам дар мо, ки моҳ дида намешавад, бояд мо сӣ рӯзро пурра бикунем.

"Миллат"

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97