Шумораи қурбониёни инфиҷори Нигерия ба 16 нафар расид

Хабари хуб 27.08.2011 12:17

NEGAREEE 01012Салиби Сурхи Нигерия мегӯяд, дар инфиҷоре дар намояндагии СММ дар ин кишвар дастикам 16 нафар кушта шудаанд.

Як корманди ин созмон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки онҳо 16 ҷасадро сабти ном ва дар шифохона ба 11 маҷрӯҳ кӯмак кардаанд. Ин манбаъ мефзояд, шояд шумораи кушташудагон бештар бошад, зеро то расидани кормандони Салиби Сурх ба маҳал ҷасади чанд нафарро аз ҷои ҳодиса берун бурда буданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, як мошини борбар, ки бо маводи мунфаҷира пур шуда буд, ба девори бино бархӯрдааст. Бахше аз бино, ки дар он кормандони СММ мезистанд, хароб шудааст.

"Озодӣ"

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97